Бо дархости бинандагон, мавсими панҷуми сериали «Пойтахт» аз рӯзи шанбе, 14 ноябри соли 2026, дар шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад. Дар ин мавсим сафари фароғатии оилаи Маъмули ба саргузашти ғайричашмдошт ва пурҳодиса табдил меёбад.
Достон аз он ҷо оғоз мешавад, ки Арасту пас аз харидани мошини нав, Нақӣ ва аҳли оилаи ӯро ба сайругашт даъват мекунад. Аммо дар роҳ мошин чаппа шуда, аъзои оила осеб мебинанд. Ин ҳодиса муносибати Нақӣ ва Арастуро сард мекунад. Арасту барои беҳтар кардани фазои хонаводагӣ онҳоро ба Туркия мебарад, аммо ин сафар низ ба саргузашти ғайричашмдошт табдил меёбад.
Ҳангоми пуфаксаворӣ Нақӣ ва аҳли оилааш ногаҳон ба Сурия меафтанд ва дар минтақаи даргириҳо бо таҳдидҳои гурӯҳи террористии ДОИШ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳамин тавр, дар ин мавсим мазҳакаи хонаводагӣ бо рӯйдодҳои ҷангӣ ва лаҳзаҳои пуртаниш омезиш меёбад.
Мавсими панҷуми «Пойтахт» бо коргардонии Сирус Муқаддам ва таҳиягарии Илҳом Ғафурӣ сохта шудааст. Муҳсин Танобанда дар навиштани достони он саҳм доштааст.
Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Римо Роминфар, Алиризо Хамса, Насрин Нусратӣ, Ҳуман Ҳоҷӣ Абдуллоҳӣ, Баҳром Афшорӣ ва Ҳидоят Ҳошимӣ аз ҳунармандони ин сериал мебошанд.
Мавсими панҷуми «Пойтахт» аз 14 ноябри соли 2026, ҳар рӯз соати 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад.